Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28584

Муроҷиати 5223 нафар ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо

Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли сипаришуда ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 5223 истифодабаранда муроҷиат намуд, ки аз он 447 нафар хонандагони наваъзошуда мебошанд. Бо дархости истифодабарандагон 11 ҳазору 871 нусха адабиёт ба хона барои истифодаи муваққатӣ дода шуд.
Ҳамчунин бо воситаи абонементи байни китобхонаҳо 38 нусха адабиёт ба вилояти Суғд, 35 нусха адабиёт ба вилояти Хатлон, 24 нусха адабиёт ба ВМБК ва 140 нусха адабиёт ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28584

Trending Articles