Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Дар Белгия Файсал Шеффу, ки бо гумони даст доштан дар амали террористӣ боздошт шуда буд, озод гардид

$
0
0

Душанбе, 29.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Прокуратураи Белгия дар бораи озод намудани Файсал Шеффу, ки қаблан бо гумони даст доштан дар амали террористӣ дар фурудгоҳи Белгия боздошт шуда буд, хабар дод. Дар ин бора агентии AFP иттилоъ медиҳад.
«Далелҳое, ки боиси дастгир гардидани Файсал шуда буданд, зимни тафтишот тасдиқи худро наёфтанд. Дар натиҷа ӯ озод гардид», -гуфта мешавад дар изҳороти прокурори федералӣ.
Файсал Шеффу рӯзи панҷшанбе, 24-уми март дар Брюссел боздошт шуда буд. Ӯро ронандаи таксӣ, ки террористонро ба фурудгоҳ оварда буд, ҳамчун иштирокдори сеюми ин гӯруҳ шинохт. Ӯ толори парвозро пеш аз таркиш тарк карда, дар камераҳои назоратӣ сабт шудааст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 22- юми март дар толори парвози фурудгоҳи Брюссел ду таркиш ба амал омада, як соат баъд боз як таркиши дигар дар истгоҳи метрои «Маэлбек» рух дод. Бино ба иттилои охирин, дар ин ҳодиса 32 нафар ба ҳалокат расида, 340 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>