Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

Сафари варзишгарони тоҷик ба Филиппин

$
0
0

Душанбе, 29.03.2016. (АМИТ Ховар).- Аз 27-уми март то 22-юми апрели соли 2016 дар шаҳри Манилаи Ҷумҳурии Филиппин мусобиқаи кушодаи рейтингӣ ва Чемпионати Осиё оид ба таэквондо (ВТФ) баргузор мегардад.
Барои иштирок дар ин чорабиниҳо узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимова М., Гулов А., Негматов Ф., мураббиён Чон Чонг Ху ва Қармишев Ҷ. сафарбар гардиданд.
Иштироки варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа ва чемпионат дар доираи иҷрои қисми 7 банди 6 «Таэквондо (ВТФ)» ва нақшаи маблағгузории тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2016 сурат мегирад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>