Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Ифтитоҳи Маркази таълимии КДАМ дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Президенти кишвар

$
0
0

Душанбе, 26.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Иншооти «Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бунёд гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти ин иншооти меъёрию оинномавии ин Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароитҳои меъёрии хизматии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мудофиа ва амнияти миллӣ ба ҳайати аз лиҳозу маҳорату малакаи касбии обутобёфта табдил ёфт.

Иншооти тозабунёди Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардани сарбозон (афсарон) ба Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа» дар масоҳати 1,5 гектар бо зиёда аз 10 иншооти таъиноти оинномавӣ бунёд ёфтааст.

Дар бинои маъмурию таълимии дуошёна бо таҳхона синфхонаҳои таълимӣ, 2 толори машқҳои ҳарбӣ – варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ҳамчунин дар таҳхонаи он ҷойи машқу таълими тирандозӣ ва ҳуҷраи махсуси нигоҳдории яроқ ҷой гирифтааст.

Ду майдончаи машқҳои амалиёти ҷангӣ барои таҳкиму татбиқи донишҳои назариявӣ, обу тоби ҷисмонӣ, омӯзиши роҳу усулҳои ҷангӣ пешбинӣ гардидааст, ки бо лавозимоту таҷҳизоти муосир барои машқу омӯзиш муҷаҳҳаз карда шудааст.

Биноҳои гузаргоҳи назоратӣ ва анбори лавозимоти ҷангию аслиҳа мутобиқ ба талаботи меъёрӣ бунёд гардидаанд.

Маркази таълимӣ дорои бинои хобгоҳ барои 200 нафар афсарон ва ошхона бо 100 ҷойи нишаст буда, хаммом барои 20 нафар дар як баст ва дигар шароитҳо барои буду бошу истироҳати афсарону сарбозон шароитҳои хуби замонавист.

Марказ дорои инфрасохтори мустақил чун буғхона, хати барқу зеристгоҳи барқӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ таъкид дошт, ки ин иншооти меъёрии оинномавӣ имконият медиҳад, ки дар Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозону афсарони аз ҳар ҷиҳат обутобёфта тайёр карда шавад.

Воҳиди таъиноти махсуси зиддитерористии «Алфа» дар давраю лаҳзаҳои муҳими ҳифзи соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзии кишвар баҳри пешгирӣ аз ҳадафҳои нопоки душман ва безарару несту нобуд кардани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор нақши муҳим дошта, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузоштааст.

Ҳайати Воҳиди таъиноти махсуси зиддитерррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он ҷавонони далеру  ҷасур, чусту чолок ва руҳану ҷисман солим шомиланд, бо тақвияти донишу малака ва маҳорати касбӣ бо садоқату масъулият баҳри ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти миллӣ сипари боэътимоди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>