Душанбе, 23.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Артиши давлати Сурия дар якҷоягӣ бо дастаҳои пешмаргаи «Уқобони биёбон» қаторкӯҳи Ҳаяро дар қисмати шарқии Палмиро пурра зери назорат гирифтанд. Дар давоми як шабонарӯз, 70 ҷангии гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» маҳв карда шуд. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба манбааш аз ситоди фармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳи Сурия дар Палмиро хабар медиҳад.
«Ҷангиёни «Уқобони биёбон» бо ёрии артиллерия ва ҚҚҲ Сурия қаторкӯҳи Ҳаяро (дар километри 4-ми Палмиро) пурра зери назорат ва чорроҳаи стратегиро дар шоҳроҳи Палмиро — Димишқ – Дейр-уз-Зор зери оташи худ гирифтанд. Дар давоми як шабонарӯз, 70 ҷангии ДИ маҳв карда шуд», — гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, террористон кӯшиш кардаанд ҳамлаи ҷавоби оранд, вале ба артиши Сурия муяссар гардидааст, ки бо ёрии артиллерия аксарияти ҷангиёнро нобуд созад.
↧
Артиши давлати Сурия 70 ҷангии ДИ-ро дар шарқи Палмиро маҳв кард
↧