Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Форуми байналмиллалии илмии ҷавонон доир ба Наврӯз дар шаҳри Томск

Душанбе, 22.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Шуруъ аз 21-ум марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Томск Форуми байналмиллалии илмии ҷавонон доир ба Наврӯз баргузор шуда истодааст.
Ба иттилои Нишона Муминова магистранти Донишгоҳи педагогии шаҳри Томск форуми 6-уми байналмиллалӣ давоми 3-рӯз идома ёфта дар он профессорон, олимон ва магистрантон аз ҳар гӯшаи дунё иштирок ва суханронӣ мекунанд.
Ба гуфтаи Нишона Муминова дар охирон рӯзи форум, яъне санаи 23-юми март барномаи консертӣ доир мегардад, ки намояндагон аз ҳар кишвар расму оини миллати худро муаррифӣ мекунанд. Ҳамчунин донишҷӯёни тоҷики шаҳри Томск бо барномаи наврӯзии худ либосҳои миллӣ, расму оин ва хусусиятҳои ҷашни Наврӯзро муаррифӣ намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>