Душанбе, 19.03.2016. (АМИТ «Ховар»). – Теъдоди қурбониёни таркиш дар Истанбул ба 4 нафар расида, 20 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, таркиш имрӯз дар маркази Истанбул, дар кӯчаи пиёдагарди сайёҳии Истиқлол, воқеъ дар маҳаллаи Бейоғлу рух додааст. Ба ҷои ҳодиса мошинҳои ёрии таъҷилӣ сафарбар шудаанд.
Тафсилоти бештари ҳодиса гуфта нашудааст.