Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29020

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян

$
0
0

ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 14 июни соли 2017 дар доираи сафари расмӣ ба Арманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ереван бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, бахусус рушди робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ара Баблоянро вобаста ба натиҷаҳои бобарори интихоботи парлумонӣ ва интихоб шуданаш ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии ин кишвар табрику таҳният гуфта, ба онҳо комёбиҳои беназир орзу карданд.

Аз сатҳи муносибатҳои ҳамкории дуҷониба, ки имсол аз оғози он 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки парлумонҳои ҳарду кишвар ҳамчун сохторҳои қонунбарор минбаъд низ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дуҷониба саҳми арзанда мегузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърих, таҷриба, рушд ва саҳми парламентаризми тоҷик ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки таҳкими қонунгузорӣ дар кишвари мо боиси ваҳдати комили сартосарӣ гардид. Изҳори итминон карда шуд, ки Маҷлиси миллии Арманистон чун Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шукуфоию пешрафти ҷумҳурии дӯсту бародари Арманистон хизмати арзанда менамояд.

 
Мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян 14.06.2017


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29020

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>