Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Наврӯз наҷоти миллати мост

$
0
0

Душанбе, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Наврӯзи Аҷам аз хуҷастатарин дастовардҳои фарҳангиву маърифатии инсоният аст. Падидаест сафобахшу саодатбор, ки инсонро ба роҳи некӯиву хайрхоҳӣ, зебоиву зебопарастӣ, бунёдкориву ободиву созандагӣ, ба сӯи офариниш ва эҳёву парастиши муқаддасоти инсонӣ раҳнамоӣ мекунад. Наврӯзи Аҷам- Наврӯзи тоҷикон таҷаллии донишу хирад, маърифату фазилат, фурӯғу эҳёи суннату анъана, расму оинҳои неку хуҷаставу шарифи ин миллати куҳанбунёд аст.

Барои тоҷикон вожаи Наврӯз муқаддас аст. Вожаест, ки онро бояд чун ниёиш бо ҳама покиву покизагӣ, бо ҳама озодагиву озодандешӣ, бо камоли эҳтирому парастиш ба забон орем, мисли қасам, мисли дуо, мисли волотарин таманнои инсонӣ.

Наврӯз суннати озодаманишон аст. Вақте мо Наврӯз мегӯем ё ба пешвози Наврӯз мебароем, мо бояд рӯҳану ботинан покиза бошем.

Наврӯз суннати некону некманишон аст. Вақте мо Наврӯз мегӯем ва ба истиқболи Наврӯз мебароем, бояд бунёду сиришт, орзуву ниятамон нек бошад, зеро некиву хайрхоҳӣ дар ҳама зуҳуроти Наврӯз ҷавлон мезананд.

Наврӯз ҷашнест башарӣ, аз ин рӯ ба дарду армону адаби ҳамаи инсонҳои сайёра мехӯрад ва беҳуда нест, ки ба худ мақоми башарӣ гирифтааст.

Агар миллати куҳанбунёди мо бо ҳама  ҷабрҳое, ки  таърих  бар сараш рехтааст, имрӯз боз ҳам бар сари пост, боз ҳам сарфароз аст, ба шарофати Наврӯз аст.

Толеи мо, бахти мо, шарафи мост, ки  Наврӯз дорем. Наврӯзе, ки ҳар сол меояд, моро аз нав эҳё мекунад. Ҳар сол меояду ба мо неру, тавон, умед мебахшад, зеро худ сарчашмаи файзу футӯҳи Худованд аст.

Наврӯз бузургдошти тоҷикон аст! Наврӯз бузургдошти башарият аст! Зеро дар он ишқ, умед ва армонҳои на танҳо мо, балки тамоми башарият таҷассум ёфтааст.

Наврӯз иди фақат инсонҳо нест, Наврӯз иди Замину Осмон, иди Офтоб аст!

Наврӯз идест, ки дар он чор унсури азал ба арғушт медароянд!

Наврӯз иди эҳёст! Пайки шукуфтанҳо, нусрати зоданҳо, мифтоҳи кушоданҳо! Чашмаест саршор аз ангезаи шавқи пайдоиш! Ойинаест, ки дар он ишқ ва абадият ҷилванамоӣ ва уқдакушоӣ мекунанд.

Биё Наврӯз! Биё, ки бо боронҳои ту биборем, бо гулҳои ту бишкуфем, бо парандагони ту пар боз намоем, бо дарахтони ту ба бор оем, бо мурғаконат бисароем!

Биё, Наврӯзи аҷам, моро раҳо кун, чун сабзаҳо аз хок, чу гулҳо аз шохсор, чу чашмаҳо аз дили санг, чун сурур аз қафаси синаи худ! Ту раҳоии моӣ, Наврӯз!

Биё, Наврӯз, ки ман саропо лонаи мурғони муҳоҷир хоҳам буд, дарахтонро дар худ хоҳам сабзонд, рӯдҳоро дар шараёни худ ҷорӣ хоҳам кард!

Биё, Наврӯз, ки бо ту ман Заминро модар ва осмонро Падар эҳсос хоҳам кард!

Наврӯз эҳсоси ҳазорон сол дар як нафас аст. Лаҳзаест, ки хуҷастагиҳои Зардуштро дар худ эҳсос мекунем.

Наврӯз эҳсоси Ҷамшеду Фаридун, Шераку Испитамон, Сиёвушу Рустам дар вуҷуди мост.

Наврӯз-номи миллати мо, муҷассамаи миллати мо дар тӯли таърих аст! Муҷассамаи пирӯзӣ! Ҳеҷ душмане натавониста онро тасаллут кунад. Баръакс, ҳама душманони ғоратгаре,  ки ин ҷо омаданд, таслим ба он шудаву волаву шайдои он гардидаанд. Бале, таҷовузгарони кишвари мо ғолиби шамшеркашиву хунрезӣ, аммо мағлуби илму адабу фарҳанги мо буданд, ки таҷассум дар Наврӯз ёфтааст.

Наврӯз номи миллати мо, муҷассамаи миллати мо дар тӯли таърих аст, ки тавонист дар муқобили бодҳои сарду тунди таърих, дар муқобили сангборони асрҳо пойдор бимонад. Наврӯз муҷассамаи пирӯзии миллати мост!

Хуҷастагиҳои миллати мо Наврӯзро зинда дошт, Наврӯзи хуҷастанафас миллати моро зинда дошт. Миллати мову Наврӯз ҳамсиришту  ҷудонашавандаанд.

Наврӯз ҳолномаи миллати мост ва дар он ҳама ҳастӣ, ҳама таърихи мо таҷассуми ҷовидона ёфтааст.

Симои Наврӯз симои миллати мост, симое покиза, мубарро, зебо, фарзона, дилпазир.

Наврӯз бемаргии миллати мост!!!

Инак,суннатҳое, ки ин симоро рӯнамоӣ мекунанд:

—нахустсуннати Наврӯз ин аст, ки мардум хонаҳои худ, атрофи худ, маҳалли зисти худ, зоҳиру ботини худро тоза мекунанд, яъне пайки аввали Наврӯз покизагист;

—Наврӯз субҳидам оғоз мешавад бо паёми гули наврӯзӣ, бо муборакбодиҳои кӯдакон, ки ба ҳар хона пайғоми гули баҳор меоранд;

—Наврӯз оғоз мешавад бо пӯшидани либоси нав, либоси тоза, бо ороишоти наврӯзӣ, бо зебу зиннати идона;

—Наврӯз рӯзи зиёрати рӯҳи гузаштагон аст, мардум ба оромгоҳҳо мераванд, ба рӯҳи гузаштагон салом меоранд, ибодатҳо мекунанд, оромгоҳҳоро тармиму таъмир ва тоза мекунанд;

—Наврӯз рӯзи куштани қаҳр, кина, ғазаб, ноумедист;

—Наврӯз рӯзи бахшидани гуноҳон аст, касе пеши касе гуноҳ дорад, ҳар қадар гуноҳи гарон аст, бояд онро бар ӯ бубахшанд, касе бо касе ногап аст, бояд ҳамгап шаванд, зеро дар рӯзи Наврӯз наметавон гуфт:-не;

—дар рӯзи Наврӯз душманон бо ҳам дӯст мешаванд, кинаро аз дил мезудоянд, хусуматро фаромӯш мекунанд ва ин волотарин суннати инсонист, ки такя ба ойинҳои ҷавонмардӣ мекунад;

—оқибат Наврӯз рӯзи коштани тухмҳои умеду донаҳои армон бар замин аст, зеро ҳамроҳи ҳар зироате, ки кошта мешавад, орзуву ниятҳои неки одамон низ кошта мешавад, то фардо ҳосили ризқу рӯзии мардум ба бор ояд.

Биёед ба баландои Наврӯз бароем, ба Офтобу Замин саҷда орем! Биёед, аз баландии Наврӯз ба чор самти олам: ба шимолу ҷануб, ба шарқу ғарб дуруд фиристем. Биёед, парчами озодагон ва некманишонро дар ин баландӣ сарфароз гардонем!

Биёед бо Наврӯз бошем, яъне бо покӣ, бо некӣ, бо хайрхоҳиву озодагӣ, бо гуфтори нек, кирдори нек, пиндори нек!

Миллати мо Истиқлолият ёфт, яъне ба Наврӯзи умеду ормонҳои худ расид. Наврӯз дубора ҷон ёфт,    дубора эҳё шуд ва бо он миллати мо, Ватани азизи мо низ дубора эҳё шуд.

Марҳабо, Наврӯз! Марҳабо,эҳё!

 

Камол Насрулло

Шоири халқии Тоҷикистон

DSC_0152 DSC_0172 IMG_0773 IMG_0789 IMG_0791-Праздник Навруз IMG_0806 IMG_1353 IMG_1366

Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>