Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28923

106 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои баргаштан ба Федератсияи Россия дубора иҷозат гирифтанд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 12.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 106 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия бинобар сабаби вайрон намудани қонунҳои буду бош аз тарафи мақомотҳои интизомии ин кишвар   ба муҳлати то 3 сол  манъ шуда   буд, дубора  иҷозати воридшавӣ ба қаламрави Россияро ба даст оварданд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»   сармутахассиси Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дустмурод Умбаров иттилоъ дод.

Умбаров Бино ба иттилои Д.Умбаров,   айни замон теъдоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия муваққатан манъ гардидааст, зиёда аз 151 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тартиби мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи моддаи 26 банди 2 Қонуни Федератсияи Россия «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» ва  моддаи 27 ва  18.8 -и қонуни мазкур бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Федератсияи Россия берун ва депортатсия шудаанд ва  ба категорияи авф дохил намешаванд, татбиқ намегардад.  Вале дар муҳлати муайян онҳо низ аз руйхати  хориҷшудагон бароварда мешаванд.

Ҳамзамон,   12 ҳазору 262 нафар шаҳрвандони  Тоҷикистон бо сабаби бо роҳҳои ғайриқонунӣ гирифтани патент ва  дигар ҳуҷҷатҳои қалбакӣ бо  қарорҳои суди Россия ба муҳлати 10 сол депортатсия карда шудаанд. Инчунин  воридшавӣ ба Россия барои  4 ҳазору 977 нафар шаҳрвандони мо, ки  дар вақти будубош дар ин кишвар   ҳангоми ташхиси духтурон дар онҳо  бемориҳои сироятӣ, сил, ВИЧ/СПИД ва дигар касалиҳои сирояткунада   муайян карда шудааст,  ба муҳлати  якумра    манъ карда шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар шаҳри Душанбе  мулоқот   намуданд.     Ҷиҳати иҷрои созиши сарони ҳар ду давлат, ки  дар ин мулоқот ҳосл шуда буд, дар асоси фармоиши   Вазорати корҳои дохилии ФР аз 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия авфи муҳоҷирони меҳнатӣ эълон карда шуд. Тибқи ин фармоиш  ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон барои  дар муҳлати як моҳ қонунӣ гардонидани будубошашон дар Россия ва ба қайд мондани худ дар мақомоти муҳоҷиратии ин кишвар   имконият дода шуда буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28923

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>