Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 30780

Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш ба Тоҷикистон омад

$
0
0

ДУШАНБЕ, 11.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш ба Тоҷикистон ташриф овард.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дод, ки меҳмони олимақомро дар Фурудгоҳ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Интизор меравад, ки дар ин сафар Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намояд.

12 июн Дабри кулли СММ дар шаҳри Душанбе дар конфронс оид ба рушди устувор ширкат хоҳад варзид.

13 июн Антониу Гутерреш ба Ашхобод сафар намуда, дар назар аст бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намояд. Инчунин, дар Ашхобод Дабири кулли СММ дар муколамаи сатҳи баланд бахшида ба татбиқи стратегияи мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ иштирок мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш дар доираи сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аллакай аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дидан намуд.

Дабири куллии СММ (1)


Viewing all articles
Browse latest Browse all 30780

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>