Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Дар Пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳо мулоқот бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид

$
0
0

ДУШАНБЕ, 09.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Душанбе мулоқоти  кормандони Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳо хабар доданд,  Ёрмаҳмад Ниёзӣ, директори Пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳо, ҳайати кормандону ходимони Пажӯҳишгоҳ ва Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот оид ба ҳамкории судманд миёни олимону пажӯҳишгарони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои гуногуни илму пажӯҳиш мубодилаи афкор намуданд.

Зикр карда шуд, ки Пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳо омодааст бо олимону пажӯҳишгарони Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ намояд ва барои омӯзиши масъалаҳои гуногун лоиҳаҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ кунад.

Зимни мулоқот байни кормандони Пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳо ва Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вобаста ба вазъияти сиёсии минтақаи Осиё саволу ҷавоб сурат гирифт.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>