Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28657

Боздиди Пешвои миллат аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён

$
0
0

Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён боздид ба амал овард.

Дар даромадгоҳи масҷид ходимони масъул Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хос истиқбол гирифта, зимни шиносоии бино меҳмони олиқадрро ҳамроҳӣ намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром дар назди оромгоҳи Шайх Зойид, ки дар паҳлуи ҳамин масҷид ҷойгир аст, дуову фотеҳаи нек карданд.

Ёдовар мешавем, ки зимни нахустин сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 бо асосгузори Аморот Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён мулоқот карда буд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масҷид соли 2007 ба ифтихори Асосгузор ва якумин Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён сохта шудааст.

Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён2 Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён3 Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён5 Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён6 Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён4 Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён7 Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён8 Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён9 Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён10 Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён11 Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён12 Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён13

Viewing all articles
Browse latest Browse all 28657

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>