ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Конфронси «Раванди Кобул» аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки раванди сулҳ бо роҳбарии афғонҳоро ҳимоят кунанд. Дар ин бора “Афганистан.ру” иттилоъ додааст.
Ашраф Ғанӣ 6 июн дар рӯзи нахустини конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Раванди Кобул- перомуни сулҳ ва ҳамгироӣ», ки бо ҳузури намояндагони баландпояи 27 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ дар Кобул баргузор гардид, гуфт: «Мо имрӯз гирди ҳам омадаем, то ҳамбастагии худро дар барорбари терроризм ва даҳшатафканӣ иброз намуда, рӯйи як раванде, ки тавонад ба сулҳи одилона бирасад, ба баҳс пардозем».
Раисҷумҳури ҶИА бо хитоб ба намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ки дар конфронс ҳузур доштанд, гуфт: «Шумо дар шаҳре қарор доред, ки мардумонаш дар сӯги садҳо фарзандони хубаш, ки дар хушунатҳои террористӣ ҷонҳояшонро аз даст додаанд, азодоранд, аммо мардумон аз ҳамбастагӣ ва ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз онҳо қадрдонӣ мекунанду хостори адолат мебошанд».
Ӯ изҳор дошт, ки «гурӯҳҳои террористӣ иддао мекунанд, ки мақсади ҷангашон ДИН аст, аммо ислом дини сулҳ аст ва онҳоеро, ки ин ҷинояткорон ба қатл мерасонанд, ҳама мусалмонанд. Онҳо ҳазорон мард, зан ва кӯдаки мусалмонро ба қатл мерасонанд. Маводи мухаддир, террор ва сарват падидаҳое ҳастанд, ки бо дини мо рабте надоранд, аммо террористон аз онҳо ба ҳайси васила истифода мекунанд».
Ашраф Ғанӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва қурбон гардидани сарбозони кишварҳои онҳо дар Афғонистон изҳори қадрдонӣ карда, афзуд, ки «мо дар канори ҳам истодаем, то ба хушунатҳои хеле бад дар Кобул, Лондон, Брюссел, Туркия, Ироқ ва Сурия нуқтаи поён гузорем».
Раисҷумҳури ҶИА илова кард, ки соли 2006 СММ қатъномаро барои эҷоди як стратегияи мубориза бо терроризм тасвиб кард, ки бо возеҳият аз ҳама кишварҳои узви ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, то «падидаи терроризм ва тамоми шакли онро ба унвони ҷиддитарин таҳдид алайҳи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ бо шадитарин лаҳн ба гунаи бардавом маҳкум намоед».
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз натавонистааст ҷиҳати бартараф намудани таҳдиди терроризм ба натиҷаи чашмгир ноил шавад. Дар ҳоле, ки сатҳи ҳамкорӣ миёни кишварҳо беҳбуд ёфтааст, аммо ҳанӯз чаҳорчӯбаҳо, васоил ва татбиқпазирии лозим барои шиносоӣ ва аз байн бурдани ҳаракатҳои террористон ва густариши фаъолиятҳояшон вуҷуд надорад.
Раисҷумҳури ҶИА Ашраф Ғанӣ изҳор кард, ки Афғонистон ба хотири мавқеияти ҷуғрофӣ ва убурнашаванда буанаш ҳадафи терроризми ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва гурӯҳи ифротгарои ба ном «ДИ» мехоҳад, ки ба Афғонистон ва тамоми кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дастрасӣ пайдо кунад. Ин афрод ҳатто дар зоҳир ҳам кадом як ҳадафи мусбат надоранд ва танҳо ҷавонони моро ба доми худ меафтонанд, то онҳоро барои фаъолиятҳои даҳшатафкан дар мнтақа ва ҷаҳон истифода баранд.
Ба таъкиди Ашраф Ғанӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ назди худ мақсад гузоштааст, ки кишварҳоро аз терроризм ҳимоят кунад ва тамоюли фаромарзии онро таҳмил нахоҳад дошт. «Акнун мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем ба ин мақсад ва ҳадафе, ки назди худ гузоштаанд, амал кунанд, то хушунатҳо ва террор хотима ёбанд»,-гуфт Ашраф Ғанӣ. Ҳамчунин ӯ ҷанги Афғонистонро гуногунҷанба хонда, афзуд, ки то замоне мо як чаҳорчӯбаи мушаххас барои ҳалли тамоми мушкилоти терроризм эҷод накунем, ҳадаф қарор додани бахшҳои кӯчаки он корсоз нахоҳад буд. Солҳои 2015-2016 ҳазорон шаҳрванди Афғонистон кушта ё захмӣ шуданд ва беш аз чор миллион афғон, ба хотири хушунатҳо муҳоҷир гардиданд. Мардуми мо хоҳони зиндагии хуб барои кӯдаконашон ҳастанд, аммо бо афзоиши хушунатҳо иқтисоди мо наметавонад рушд кунад, аз ин рӯ мардуми мо бекор ва ноумед мемонанд.
Ашраф Ғанӣ хотирнишон кард, ки Ҳукумати Афғонистон дар мубориза бар зидди фасод, роҳбарии заифу аз ҳампошидагии дохилӣ, ки ба мерос мондааст ва низ дар ҳалли мушкилоту зараре аз даргириҳо миёни нухбагони сиёсӣ, ки бо он даст ба гиребон мебошад, мувоҷеҳ аст, аммо новобаста аз ин, барномаи ислоҳоти худро дар Брюссел, Варшава, Мюнхен ва дар Кобул ба ҳузури ҷомеаи ҷаҳонӣ тақдим шудааст ва бо вуҷуди ҷой доштани мушкилот, монанди расидагӣ ба масоили амниятӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ, пас аз раванди интиқоли амниятӣ ва мушкилоти дарунии сиёсӣ, барномаи ислоҳоти мо ба самар расидааст. Дар идома Президенти Афғонистон доир ба ворид намудани ислоҳот дар вазорати корҳои дохилӣ ва мубориза бо фасод дар байни кормандони мақомоти полис изҳори назар намуда, афзуд, ки тақвияти неруҳои амниятии мо ба ин маъност, ки толибон наметавонанд аз лиҳози низмо баранда шаванд. Мо қаблан эълом карда будем, ҳадафи мо барои сулҳ аст ва на барои пирӯзӣ. Албатта, мо наметавонем дар шароите сулҳ кунем, ки Толибон омодаи сулҳ набошанд.
Раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ гуфт, ки сулҳ бояд танҳо ба мувофиқатнома халос нашавад, балки ба гунаи одилона пойдории сулҳ таъмин бигардад. Вай афзуд, ки «мо бо Покистон барои таъмини сулҳ чандин бор аз тариқи музокироти гуногунҷанба вориди гуфтугӯ шудем, аммо натоиҷи он аз сӯи ин кишвар пазируфта нашуданд. Мо хоҳони сулҳ ҳастем ва мехоҳем сулҳ кунем, то фурсати ҳамкорӣ, ки боиси рушд ва коҳиши фақр аст, эҷод гардад. Афғонистони босубот ба нафъи минтақа аст ва мо болои Покистон садо мекунем, то рӯзномаеро, ки чӣ тавр метавонем ба сулҳ бирасем, тартиб диҳад». Дар идома Ашраф Ғанӣ таъкид бар он дошт, ки сулҳ бояд аз тариқи як баҳси миллӣ таъсин шавад ва мо як гуфтумони миллиро дар ин замина доир хоҳем кард. Мавқеъияти гуфтумони сулҳ бояд дар мувофиқатнома дуҷониба бошад. Агар мувофиқат сурат гирад, ба Толибон иҷоза хоҳем дод, то дафтарашонро боз кунанд, аммо ин фурсат барои ҳамеша ба онҳо фароҳам нест.
Ашраф Ғанӣ хотирнишон кард, ки полисҳои Ҳукумати Афғонистон, робитаи қавии сиёсӣ бо кишварҳои ҳамсоя доранд ва акнун замоне фаро расидааст, ки мо равобити амниятӣ эҷод кунем, то дар мубориза бо терроризм ноил бигардем. Вай ҳамчунон гуфт, ки кишварҳои минтақа таҳти таҳдид қарор доранд. Аз он, ки ҳар кадомамон ба хушунатҳои дохилӣ мувоҷеҳ ҳастем, бояд барои мубориза бо он қувваи худро нишон дода, дар ин замина муттаҳид шавем. Дар идома Президенти Афғонистон илова кард, ки бояд таваҷҷуҳ ва мушовара бештар барои таъмини сулҳ сурат гирад ва нигаронии мардум дар ин замина ҷамъоварӣ гардида, ҷузъе аз гуфтумони сулҳ шавад. Бояд таваҷчуҳ кунем, ки чӣ тавр амният дар минтақа таъмин шавад, зеро таъмини сулҳ дар Афғонистон боиси суботи ҳамсоякишварҳо ва ҷаҳон хоҳад шуд. Дар идома Ашраф Ғанӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки бо садоқати комил «Раванди сулҳ» бо роҳбарии афғонҳоро ҳимоят ва эҳтиром бигузоранд. Вай илова кард, ки мо ҳамчунон омода ҳастем барои таъмини сулҳ кор кунем ва террористон бояд бидонанд, ки монеи таҳаввулоти мо шуда наметавонанд.
Дар поёни суханронии худ Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар хусуси баргузории интихобот хотирнишон кард, ки «мо муттаҳид ба баргузории интихоботи Луи Ҷирга дар замони муайяни он ҳастем ва интихоботи Раёсати ҷумҳур низ дар замони таъйиншуда- соли 2019 сурат хоҳад гирифт».
Ёдовар мешавем, ки конфронси байналмилалии «Раванди Кобул- перомуни сулҳ ва ҳамгироӣ» бо ҳузури намояндагони баландпояи 27 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Кобул- пойтахти Афғонистон имрӯз ба кори худ идома медиҳад. Баргузории ин конфронси сатҳи баланд дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта шаҳри Кобул шоҳиди амалҳои террористии даҳшатбор ва хунин гардида буд. Аз ҷумла, 31 май дар пайи таркиши нақлиёти муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дар маркази ин шаҳр 150 нафар қурбон гардида, 600 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳамчунин дар пайи пароканда намудани мавҷи тазоҳуркунандагон бо номи “Хаста аз марг ба сӯи Арк” зиёда аз 5 нафар қурбон шуда, шумораи дигар захмӣ шуданд. 3 июн ҳангоми ба хоксупории яке аз кушташудагони намоишҳои эътирозӣ се таркиши маргталабона 20 тани дигарро ба ҳалокат расонида, назики 80 нафарро захмӣ намуд.
Тибқи таҳлили коршиносон, соли гузашта дар Афғонистон қариб 3500 нафар аҳолии осоишта қурбони муноқишаҳои гурӯҳҳои даргир шудаанд, ки дар таърихи ҷанги Афғонистон ин хунинтарин сол ба шумор меравад. Ин омор дар ҳолест, ки танҳо дар се моҳи аввали соли 2017 дар Афғонистон бар асари таркишҳо 715 нафар аз сокинони осоишта кушта шудаанд.
Саидҷаъфар АШУРЗОДА