Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28657

Нисбат ба қочоқчии «ХL» парвандаи ҷиноятӣ боз гардид

$
0
0

ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор гардидани 1300 баста  нӯшокии нерубахши намуди «XL», ки бо роҳи қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид карда шудааст, иттилоъ медиҳад.  Гуфта мешавад, ки миқдори калони  нӯшокии нерубахш зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз хонаи сокини шаҳри Исфара С.О. дарёфт ва мусодира гардид. Моли мазкур ба шаҳрванди 23 –солаи Тоҷикистон Ғ.О. мансуб буда, онро  ба таври қочоқ аз Қирғизистон дар ду адад нақлиёти  боркаши «Мерседес –Бенс-Спринтер» бо рақами қайди давлатии Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст.

Арзиши умумии маҳсулоти бо роҳи қочоқ воридгардида 168 ҳазору 480 сомониро ташкил медиҳад. Дар хабар омадааст, ки нисбат ба шаҳрванд Ғ.О. бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуда, ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардидааст.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28657

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>