Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28805

Котиби комиссияи тиббии даъват ба хизмати ҳарбии соли 2017 барои гирифтани пора дастгир гардид

ДУШАНБЕ, 06.0.2017 /АМИТ «Ховар»/. Корманди тиббии Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан Қаюм Султонов бо гумони гирифтани пора аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардид.
Тавре Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, номбурда ҳамчун котиби комиссияи тиббии даъвати соли 2017 барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани шаҳрванд «А» 1000 доллари ИМА талаб намуда, 15 марти соли равон аз ин маблағ 1790 сомониро гирифта, овардани маблағи боқимондаи 800 доллари ИМА-ро талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ Қаюм Султонов баъд аз гирифтани маблағи пулӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28805

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>