Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти ҳамлаи террористии Лондонро бар дӯш гирифт

ДУШАНБЕ, 05.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) масъулияти ҳамлаи террористии Лондонро, ки шаби 4 июн содир шуд, бар дӯш гирифт. Дар ин бора агентии «ТАСС» бо истинод ба агентии «Рейтер» хабар медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки шаби 4 июн мошини боркаш дар минтақаи Пули Лондон ба самти пиёдагардон ҳаракат кард. Ҷинояткорон то бозори «Боро-маркет» рафта, бо корд ба роҳгузарон ҳамла карданд. Полис ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номид.

Бино ба маълумоти охир, 7 нафар ба ҳалокат расида, 48 каси дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Полис ҷинояткоронро безарар кард.

 

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

Trending Articles