Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз бозиҳои баргашти 8\1 ниҳоии Ҷоми Чемпионҳои Аврупо баргузор гардиданд.Клуби футболи Манчестер Сити бо Динамои Киев қувва озмуда, бозиро бо натиҷаи 0-0 анҷом доданд ва аз натиҷаи ду бозӣ ба даври 4\1 ниҳоӣ рохат гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Киев бо натиҷаи 3 бар 1 анҷом ёфта буд. Дар бозии дуввуми рӯз дастаи футболи «Атлетико»-и Мадрид бо ПСВ «Енд» Ҳовен вохӯрда бозиро мусовӣ- 0 бар 0 анҷом дод. Барои муайян кадани ғолиб ду қисми иловагӣ таъин шуд, вале ин қисмҳо ҳам ғолибро муайян накард натавонистанд. Дар натиҷа, баъди силсилаи зарбаҳои пиналти дастаи футболи «Атлетико» бо ҳисоби 8 бар 7 ғолиб омад.Ёдрас мешвем,ки имшаб ду бозии дигар байни дастаҳои «Барселона» бо «Арсенал» ва «Ювентус» бо «Бавария» баргузор мешавад.
↧