ДУШАНБЕ, 03.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Доналд Трамп номзадии соҳибкор ва собиқ капитани қувваҳои баҳрӣ Ричард Спенсерро ба мансаби вазири қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии кишвар пешниҳод намуд. Дар ин бора «РИА Новости» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кохи сафед хабар дод.
«Президент Доналд Трамп номзадии Ричард Спенсерро ба мансаби вазири қувваҳои ҳарбӣ-баҳрӣ пешбарӣ намуд», — гуфт котиби матбуоти президенти ИМА Шон Спайсер.
Айни ҳол Спенсер ҳаммолики ширкати сармоягузории «Fall Creek Management» буда, тибқи иттилои Кохи сафед, 12 соли охир дар бахши молия фаъолият кардааст. Дар гузашта Спенсер, ки номзадиашро бояд Сенат тасдиқ намояд, капитани қувваҳои баҳрӣ буд ва давоми 5 сол дар Шӯрои тиҷорати ҳарбӣ хизмат кардааст.