Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Ба Вазорати корҳои дохилӣ таҷҳизоти техникӣ ва мошинҳои оташнишон тақдим гардиданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 02.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани таҷҳизоти техникӣ ва мошинҳои оташнишон аз ҷониби ташкилоти «Fire Aid»-и Британияи Кабир баргузор гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими супоридани таҷҳизот   Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Филпотт ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок ва суханронӣ карданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, намояндагони ин ташкилоти бонуфуз дар давоми ду ҳафта бо кормандони Хадамоти давлатии оташнишони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг гузарониданд. Имрӯз ин кормандон малакаи аз бар намудаи худро бо маҳорати баланди касбӣ ба иштирокдорон нишон доданд.

 

36 38 39 40 41

Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>