Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар робита ба иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 марти соли ҷорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз роҳи автомобилгарди Балҷувон-Сари Хосор (Шайдон) дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи мазкур 34,1 км-ро ташкил дода корҳои сохтмонӣ дар ин хатсайри бунёдшаванда ҳанўз аз соли 1990 оғоз гардидаанд. Дар давоми солҳои 2012 то 2015 корҳои сохтмонӣ ба маблағи умумии 4,3 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Баъд аз шиносоӣ бо ҳолати воқеии корҳои анҷомёфта дар қитъаҳои гуногуни лоиҳа, муовини Сарвазир корҳои иҷрошудаи лоиҳавиро барои солҳои 2012-2015, ғайриқаноатбахш, ҳам аз лиҳози сифат ва ҳам аз лиҳози самаранок аз худ кардани маблағҳои буҷавии пешбинишуда арзёбӣ намуд.
Вобаста ба ин ба Вазорати нақлиёт супориши қатъӣ дода шуд, ки лоиҳаи мазкурро аз сари нав таҷдиди назар карда, онро аз категорияи V–ум ба категорияи IV-ум гузаронанд. Бо мақсади такони тоза бахшидан ба сифат ва суръати корҳои сохтмонӣ, тавассути гузаронидани озмун ширкати дорои имкониятҳои воқеӣ бо таҷрибаи кофӣ интихоб карда шавад. Ҳамчунин ба ширкати ба тозаги интихобшаванда дастур дода шавад, ки он бо мақсади пайваст намудани қитъаи роҳи автомобилгарди Балҷувон – Шайдон, дар қитъаи роҳи Балҷувон – Шаҳбахт корҳои сохтмониро бояд тарзе ба роҳ монад, ки то охири соли ҷорӣ хати пешакии роҳи автомбилгард бо паҳноии 6 метр рахна ва сангпуш карда шавад.