ДУШАНБЕ, 02.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) 1 июн рейтинги нави дастаҳои мунтахаби миллиро интишор намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар муқоиса ба моҳи гузашта як зина боло рафт ва ҳоло бо доштани 205 хол дар ҷойи 137-ум қарор дорад. Миёни дастаҳои мунтахаби Осиё дастаи мамлакат чун пештара дар зинаи 24-ум мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии расмии навбатии худро дар доираи бозиҳои даври дуюми интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё–2019 ба муқобили дастаи мунтахаби Филиппин, ки дар рейтинги ФИФА мақоми 126-умро ишғол мекунад, баргузор менамояд. Ин вохӯрӣ 13 июн соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Рейтинги навбатии ФИФА 6 июл интишор хоҳад шуд.