ДУШАНБЕ, 01.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА ба музофоти Дайр-уз-Зори шимолу шарқи Сурия зарбаи ҳавоӣ заданд, ки дар натиҷаи он созмондиҳандаи портали интернетии гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) маҳв гардид. Дар ин бора агентии «Reuters» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои агентӣ, портале, ки фаъолияти ифротиёнро дар Интернет мушоҳида мекард, соли 2014 созмон дода шуда буд ва аз он лаҳза инҷониб ҷангиёни «Давлати исломӣ» онро барои эълон кардани алоқамандии худ ба ҳамлаҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон истифода мекунанд.