Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Марказҳои хизматрасонии бонкӣ шабонарӯзӣ дар хизмати мардум

Душанбе, 15.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки барои анҷом додани амалиёти мубодилаи асъор ба ғайр аз хизматрасониҳои мавҷудаи ташкилоти қарзӣ метавонанд аз нуқтаҳои хизматрасонии хазинавии ҶСП “Казкомертсбонк Тоҷикистон”, ки дар меҳмонхонаҳои “Шератон”(хиёбони Айнӣ, 48), “Сирена” (хиёбони Рӯдакӣ, 14) ва “Ҳайят Реҷенсӣ” (кӯчаи И.Сомонӣ, 26/1) ҷойгир буда, аз тариқи шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд, истифода баранд.
Ҳамзамон сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз хизматрасониҳои марказҳои хизматрасонии бонкии ҶСК “Агроинвестбонк”, воқеъ дар хиёбони Айнӣ, 16 “б” ва кӯчаи С.Шерозӣ, 21, ки ҳамарӯза то соати 24 00 амалиёти мубодилавӣ, интиқоли пул ва дигар амалиётро тибқи санадҳои меъёрии муайянгардида анҷом медиҳанд, бемамониат истифода баранд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>