Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28584

Дар Театри давлатии академии опера ва балет консерти идона баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 30.05.2017. /АМИТ Ховар/. 3 июни соли 2017, соати 15:00   дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии  муҳофизати кӯдакон консерти идона баргузор мегардад.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар консерт хонандагони мактаби бачагонаи санъати ба номи М. Аминзода ва студияи балети бачагонаи назди театр таҳти роҳбарии балетмейстер Мария Левитская ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ҳаводорони  санъати балет  метавонанд  чиптаҳоро аз фурӯшгоҳи  театр  дастрас намоянд.

Image may be NSFW.
Clik here to view.
Опера балет рузи кудакон


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28584

Trending Articles