ДУШАНБЕ, 29.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи обхезӣ 111 нафар одамон беному нишон гум шуданд,- иттилоъ медиҳад агентии «РИА Новости» бо такя ба хабари расмии Маркази муқовимат ба ҳолатҳои фавқулоддаи кишвари Шри-Ланка.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки бар асари офати табиӣ дар Ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри-Ланка 146 нафар ба ҳалокат расида, 112 нафари дигар беному нишон гум шуданд.
Ҳамчунин 500 ҳазор одамон аз хавфу хатари обхезӣ маҷбур шуданд манзили зисти худро тарк кунанд.
Ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри-Ланка барои расонидани кумак ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба СММ ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ муроҷиат кардааст.