Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Лигаи аввали футболи Тоҷикистон: «Ваҳдат» бар дастаи «Локомотив-Помир» ғалаба кард

ДУШАНБЕ, 24.05.2017. /АМИТ «Ховар»/  Дастаи  футболи «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат, ки дар даври панҷуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар майдони худ дастаи  «Локомотив-Помир»-и Душанберо бо ҳисоби калони 5:0 шикаст дод, бо 13 хол дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Дар ин бозӣ ҳамаи голҳоро ҳамлагар Меҳроҷиддин Музаффаров ба ҳадаф расонд.

Дар бози дигар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар меҳмонӣ  дастаи  «Зарафшон»-и Панҷакентро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, бо дувоздаҳ хол мақоми дуюмро соҳиб шуд.

Дастаҳои «Эсхата»-и Хуҷанд ва «Саройкамар»-и Панҷ бо даҳимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чорум ҷой гирифтанд. Дастаи футболи  «Эсхата» бозиро дар меҳмонӣ бо дастаи  «Сомон»-и Данғара би ҳисоби дуранг (2:2) анҷом дод. Зимнан ин мусовии панҷуми дастаи  «Сомон»  ба шумор меравад.

Дастаи футболи «Саройкамар» дар шаҳри Кӯлоб аз дастаи «Равшан» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ин аввалин ғалабаи  дастаи «Равшан» дар мусобиқаи имсолаи лигаи аввал маҳсуб мешавад.

Дар ду бозии дигари даври панҷум  дастаи футболи  «Ҳулбук»-и Восеъ дар майдони худ бар дастаи  «Маҳаллаи 83»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 ва дастаи  «Зарбдор»-и Исфара дар меҳмонӣ бар дастаи «Парвоз» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Бояд зикр кард, ки дар мусобиқаи лигаи аввал бинобар бозиҳои ҳаштякфиналии Ҷоми Тоҷикистон танаффус эълон шудааст. Бозиҳои даври шашум 9-10 июн барпо мегарданд.

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>