Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

Сардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Манчестери Британияи Кабир ҳодисаи таркиш дар варзишгоҳро ҳамчун амали террористӣ шуморида, нишондоди шоҳидони ҳодиса ва гирд овардани дигар маълумотро идома дода истодаанд, — иттилоъ додааст агентии «РИА Новости» бо такя ба изҳороти сардори полиси шаҳри Манчестер Иан Хопкинс.

«Ҳоло мо ҳодисаи таркишро то пайдо шудани маълумоти нав ҳамчун амали террористӣ мешуморем», — гуфт Иан Хопкинс зимни мусоҳибаи мустақим ба шабакаи телевизионии «Sky News».

Сардори полиси Манчестер ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, таъкид сохт, ки полис барои кушодани ҷинояти содиршуда аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Номбурда иттилоъ дод, ки шумораи қурбоншудагони фоҷеа зиёд нашудааст.

Дирӯз бегоҳӣ ҳангоми консерти сарояндаи маъруфи америкоӣ  Ариана Гранд дар варзишгоҳи «Манчестер Арена» якчанд таркиш ба амал омад. Полис иттилоъ дод, ки дар натиҷаи таркишҳо 19 нафар кушта шуда, зиёда аз 50 нафар ҷароҳат гирифтаанд.

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>