Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Дар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 20.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи артиши миллии Ливия таҳти фармондеҳии Халифа Хафтар Аҳмад ал-Месмарӣ изҳор кард, ки дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи авиатсионӣ, ки дар қисмати ҷанубии Ливия ҷойгир аст, 141 нафар кушта шуданд, — иттилоъ медиҳад агентии «РИА Новости» бо такя ба хабари Франс Пресс.

«Аскарон ҳангоми аз гузашти ҳарбӣ ба пойгоҳ баргаштан, ки аксари онҳо беяроқ буданд, кушта шуданд», — иттилоъ додаст ба агентӣ намояндаи артиши миллии Ливия.

Тибқи суханони ӯ, дар қатори кушташудагон одамони ғайринизомӣ, ки дар пойгоҳ кор мекарданд ва онҳое, ки дар маҳали ҳамла қарор доштанд, ҳастанд.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки роҳбари ҳукумати муросои миллии Ливия Фаёз ас-Сараҷ вазири мудофиаро бинобар ҳамла ба пойгоҳи авиатсионӣ дар қисмати ҷанубии Ливия  аз вазифа озод кардааст.

Мувоффиқи изҳороти шӯрои президентӣ, ки дар Триполӣ мустақар аст, «ҳамла ба пойгоҳи авиатсионӣ боиси авҷ гирифтани задухӯрдҳои ҷангӣ гардида, ба ҷараёни созиши миллӣ таъсири манфӣ мерасонад».

Ҳоло дар Ливия дуҳокимиятӣ ҷорӣ аст: дар қисмати шарқӣ — шаҳри Тобрук парлумони интихобкардаи мардум фаъолият мекунад, дар қисмати ғарбӣ – шаҳри Триполӣ ҳукумати муросои миллии Ливия таҳти роҳбарии Фаёз ас-Сараҷ қарор дорад, ки он аз тарафи СММ ва Аврупо таъсис дода шудааст.

Ҳукумати қисмати шарқии Ливия бо ҳокимияти Триполӣ ҳамкорӣ намекунад ва ҳамроҳ бо артиши миллӣ таҳти фармондеҳии Халифа Хафтар ба муқобили террористон ҷанг мебарад.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>