Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Як сокини ноҳияи Дарвоз бо 20 килограмм маводи мухаддир дастгир гардид

$
0
0

ХОРУҒ, 20.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кашфи Қӯшунҳои сарҳадии дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни баргузории амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ зиёда аз 20 килограмм маводи мухаддирро кашф ва мусодира намуданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар ВМКБ корманди ин Раёсат Гев Ошӯрмамадов хабар додааст, маводи мухаддир аз даруни мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба сокини деҳаи Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз Дилшод Рӯзиеви 33 сола тааллуқ дорад, дарёфт гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ин маводи сурхчатоб ба навъи афюн тааллуқ дошта, вазни холиси он 20 килову 44 граммро ташкил медиҳад.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>