Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28837

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ Ховар/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 17 майи соли равон «Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур бо мақсади рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт, ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ, рӯзи 20 майи соли 2017, соати 1700 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад.
Бо қарори мазкур нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳайати кумитаи тадорукот тасдиқ гардида, муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин аспсаворон ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28837

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>