Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Дар ноҳияҳои водии Рашт ва шаҳри Роғун кӯдакон ба эмгузаронии иловагӣ бар зидди сурхча ва гулафшон фаро гирифта шуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои  сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияҳои водии Рашт ва шаҳри Роғун то имрӯз аз 83 ҳазору 47 нафар кӯдакони аз яксола то нуҳсола 59 ҳазору 147 нафарашон ба эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон фаро гирифта шуданд.

Дар ин бора  директори филиали Муассисаи  давлатии «Иммунопрофилактика»  дар минтақаи Рашт  Талбихуҷа Садриддинов ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷиҳати сари вақт баргузор намудани эмгузаронӣ аз тарафи муассисаи мазкур барои кормандони бунгоҳҳои саломатии деҳот шароити хуб муҳайё карда шуд ва дар муддати се рӯз 71 фоизи нақша иҷро гардид.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles