Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Ҷоми AFC-2017: имрӯз бозии байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Дордой» доир мешавад

ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё-2017 дар гурӯҳи «D» миёни дастаҳои «Дордой»-и Бишкек, ҷоизадори чемпионати Қирғизистон ва «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон баргузор мегардад. Вохӯрии мазкур  дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри  Бишкек соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 — ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки  дастаи футболи  «Истиқлол» дар вохӯрии аввал дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё-2017 дар гурӯҳи «D» бар  дастаи  «Дордой» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шудааст. Ин бозӣ 14 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардида буд. Ҳисобро ҳимоятгар Дэвид Мавутор, легионери африқоӣ аз Гана дар дақиқаи 17-ум кушод. Баъд аз панҷ дақиқа тӯби дуюмро ба дарвозаи «Дордой» Ҷаҳонгир Алиев ворид намуд.

Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи «D» 17 май дастаи футболи  «Олтин Асир»-и Ашқобод, қаҳрамони Туркманистон дар майдони худ бо дастаи  «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон рақобат мекунад.

Баъди натиҷагирии чор даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «D» дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо 10 имтиёз  дар ҷойи аввал қарор дорад. Дастаи «Олтин Асир»-и Ашқобод низ 10 имтиёз ба даст овардааст, вале бо назардошти таносуби тӯбҳо дар мақоми дуюм ҷой гирифтааст. Дастаи  «Дордой»-и Бишкек бо се имтиёз дар мақоми сеюм аст. Дастаи  «Олой»-и Ӯш бидуни имтиёз дар зинаи охирин — чаҳорум  ҷойгир шудааст.

 

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Trending Articles