Душанбе, 12.03.2016. (АМИТ “Ховар”).- Ба РВКД дар шаҳри Хуҷанд, сокини 46 солаи ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки 10 март тахминан соати 18:00, шиносаш, зани 41-солаи сокини ш.Хуҷанд вориди хонааш шуда, аз сабаби муноқишаи бамиёномада бо ӯ ҷанҷол намуда, сипас бо корди дар дасташ буда 1 маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.