Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Ба собиқадорон кумаки якдафъаинаи Пешвои миллат супорида шуд

ДУШАНБЕ, 06.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Ба муносибати 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба ба иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки молии якдафъаинаи  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд. Кумакҳоро аз номи Ҷаноби Олӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода ба собиқадорони ҷанг дар фазои тантанавӣ тақдим намуд.

Бояд зикр кард, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба бо Амри навбатии худ ба ҳар кадом аз собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (ҶДҶ) ва коргарони ақибгоҳ 3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо намуданд. Ин кумаки Пешвои миллатро роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг мерасонанд. Ғайр аз ин, Сарвари давлат ба ҳамаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур додаанд, ки бо назардошти имконоти худ ба таври иловагӣ ба собиқадорони ҷанг кумак расонанд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>