Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28773

Соҳибкорони тоҷику гурҷӣ дар Душанбе вомехӯранд

ДУШАНБЕ, 04.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони тоҷик тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориро бо ҳамтоёни гурҷии худ тавсеа бахшанд. Вохӯрии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Гурҷистон, ки интизор меравад фардо дар Душанбе баргузор гардад, далели ин гуфтаҳост.
Бинобар иттилои масъулини Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Гурҷистон масоили марбут ба тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодии ду кишварро баррасӣ менамоянд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28773

Trending Articles