Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28595

Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Душанбе бо намоиши аккосии «Ӯзбекистони муосир» оғоз меёбанд

ДУШАНБЕ, 02.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Равобити фарҳангӣ байни ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш густариш меёбанд. Дар ин росто шоми 10 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маросими ботантана бо намоиши санъати тасвирӣ ва аккосӣ таҳти унвони «Ӯзбекистони муосир» ифтитоҳ мегарданд.
Бинобар иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ин намоиши фарҳангӣ Ҳунармандони халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, сароянда ва актрисаи маъруф Севинҷ Мӯминова ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси «Ӯзбекистон» ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Image may be NSFW.
Clik here to view.
Гуломчон Ёкубов
Image may be NSFW.
Clik here to view.
Севинч Муъминова
Image may be NSFW.
Clik here to view.
Махмуд Намозов

Интизор меравад, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон ҳамзамон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон бо намоиши филми «Ота» / «Падар»/ оғоз шавад. Инчунин ҳунармандони ӯзбек ба маркази маъмурии вилояти Хатлон сафар карда, барномаи рангини консертиро пешкаши сокинон ва меҳмонони шаҳри Қӯрғонтеппа мегардонанд.
Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 13 май идома ёфта, ҳадаф аз онҳо густариши равобити фарҳангӣ байни ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамсоя арзёбӣ мегардад.

Дар аксҳо: Ҳунармандони халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, сароянда ва актрисаи маъруф Севинҷ Мӯминова ва лаҳза аз филми «Ота» («Падар»).

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28595

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>