Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Олмон лоиҳаи қонунро оид ба манъи либосе, ки пурра рӯйро мепӯшонад, қабул кард

ДУШАНБЕ, 28.04.2017. /АМИТ «Ховар» /. Рӯзи панҷшанбе Бундестаги Олмон лоиҳаи қонунро оид ба манъи либосе, ки пурра рӯйро мепӯшонад, тасдиқ кард. Ин қонун ба хизматчиёни давлатӣ, судяҳо ва низомиён дахл дорад. Дар ин бора агентии «Reuters» хабар медиҳад.
«Ҳамгироӣ маънои онро дорад, ки мо бояд арзишҳоямонро ба таври равшан нишон дода, пайванд намоем, инчунин нишон диҳем, ки сарҳадҳои таҳаммулпазирии мо нисбат ба дигар фарҳангҳо дар куҷо ҷойгиранд. Лоиҳаи қонун, ки мо имрӯз онро тасдиқ намудем, дар ин кор саҳми калон мегузорад», — иқтибос меорад гуфтаҳои вазири корҳои дохилии Олмон Томас де Мезераро агентии «Reuters».
Гуфта мешавад, ки моҳи декабри соли гузашта ба манъи либосе, ки пурра рӯйро мепӯшонад, канслери Олмон Ангела Меркел даъват карда буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles