ДУШАНБЕ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз чопхонаҳои шаҳри Бишкеки Қирғизистон ду асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ ба чоп расид. Китоб таҳти унвони «Чингизи мо» аз ҷониби Мирзоҳалим Каримов, нависанда ва тарҷумони шинохтаи Қирғизистон тарҷума ва таҳия шудааст.
Дар ин бора аз Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абуабдулло Рӯдакӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Қобили зикр аст, ки Мирзоҳалим Каримов тоҷиктабор буда, ҳоло ягона эҷодкоре мебошад, ки осори нависандагони тоҷикро бевосита аз забони асл ба қирғизӣ бармегардонад. Тарҷумаи нави ӯ қиссаи «Чингизи мо» ва повести «Одамони кӯҳна»-и устоди насри бадеии тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиевро дарбар мегирад.
Ба китоб Қодиршои Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон сарсухан навиштааст.
Китоби нави Фазлиддин Муҳаммадиев бо теъдоди ҳазор нусха чоп шуда, миёни китобхонаву мактабҳои Кирғизистон тақсим карда мешавад. Чопи он аз тарафи Комиссияи миллии назди Президенти Қирғизистон оид ба забони давлатӣ ҳимояи молӣ шудааст.
То кунун аз тарафи Мирзоҳалим Каримов, аъзои Иттифоқи нависандагони Қирғизистон осори устод Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода, Меҳмон Бахтӣ, Саттор Турсун ва Абдулҳамид Самадов ба қирғизӣ тарҷумаву нашр шудаанд.