Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Дар Китобхонаи миллӣ шаби эҷодии Зулфия Атоӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 22.04. 2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии китоб (23 апрел) маҳфили навбатии адабӣ бо иштироки Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ баргузор гардид. Маҳфилро Салима Раҷабова, муовини Директори Китобхонаи миллӣ ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки Зулфия Атоӣ шоираест, ки шеъраш кайҳо марзи Тоҷикистонро убур кардаву ба кишварҳои дуру наздк расидааст.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки Зулфия Атоӣ адибест, ки дар ашъораш ишқ, Модар- Ватан, табиати зебои диёр ва мардуми сарбаланди Тоҷикистон ситоиш шудаанд.
Сипас Зулфия Атоӣ аз шеърҳои тозаэҷоди худ дар васфи Ватан, модар, баҳор ва ишқ ба адибони наврас ва мухлисони шеър қироат намуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>