Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28750

Шумораи қурбониёни ярч дар Колумбия ба 19 нафар расид

$
0
0

ДУШАНБЕ, 20.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи қурбониёни фаромадани ярч дар шаҳри Манисалеси Колумбия ба 19 нафар расида, 6 каси дигар бедарак мебошанд. Дар ин бора «РИА Новости» бо такя ба маълумоти мақомоти шаҳри номбурда хабар медиҳад.
Чанде пеш дар бораи 14 қурбонӣ иттилоъ расида буд.
Бино ба иттилои сомонаи «Tiempo», бар асари фаромадани ярч 25 маҳаллаи шаҳр ва 756 хона хисорот дидаанд. Ҳамчунин 400 оила ба ҷойҳои бехавф таҳвил дода шудаанд.
Президенти Колумбия Хуан Мануэл Сантос барои дар ҷойи ҳодиса роҳбарӣ намудан ба амалиёти наҷотдиҳӣ ва расонидани кумак ба осебдидагон дар шаҳри Манисалес қарор дорад.
Кумитаи шаҳрии идоракунии хавф аллакай дар бораи эълон намудани ҳолати офатҳои табиӣ ва бонги дараҷаи «сурх» қарор қабул кард.
Ёдрас мешавем, ки шаби 1 апрел боронҳои шадид боиси аз маҷрои дарёҳои Мокоа, Сангояко ва Мулатос баромадани об ва омадани сел дар шаҳри Мокоаи Колумбия гардиданд. Бино ба маълумоти охир, бар асари омадани сел 320 нафар ба ҳалокат расида, шаҳр хисороти калон дид.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28750

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>