Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28843

Дар Мосул «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд

ДУШАНБЕ, 19.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Мосули Ироқ «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) нобуд карда шуд. Дар ин бора шабакаи телевизиони «Ал-Маёдин» бо истинод ба изҳороти полиси федералии Ироқ хабар дод.
Бино ба гузориши шабака, террористе, ки мерганҳои «Давлати исломӣ»-ро омода мекард, эҳтимол шаҳрванди Федератсияи Россия буд.
Чанде пеш фармондеҳи полиси федералӣ генерал Раид Шокир Ҷоудат дар бораи нобуд кардани фармондеҳи саҳроии «Давлати исломӣ» Абуҳоҷир ар-Русӣ», ки эҳтимол ӯ низ шаҳрвандии Россияро дошт, хабар дода буд.
Ҳар ду ҷангӣ зимни ҳамлаи неруҳои ҳукуматии Ироқ дар маҳаллҳои ғарбии Мосул нобуд карда шуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28843

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>