Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 30248

Шумораи қурбониёни обхезӣ дар шимолу ғарби Эрон ба 42 нафар расид

$
0
0

ДУШАНБЕ, 17.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи қурбониёни обхезӣ дар шимолу ғарби Эрон ба 42 нафар расида, 6 каси дигар бедарак мебошанд. Дар ин бора агентии «Синхуа» бо истинод ба изҳороти роҳбари хадамоти идоракунии вазъи буҳрон Исмоил Наҷор хабар медихад.
Ба гуфтаи манбаъ, субҳи рӯзи ҷумъа дар чор музофоти Эрон Озарбойҷони Ғарбию Шарқӣ, Курдистон ва Занҷон боришоти шадид шуда, боиси обхезӣ дар як зумра ҳавзаҳои музофотҳо гардиданд. Бино ба гузориши шабакаи телевизиони давлатии «IRIB TV», обхезӣ ба на кам аз 52 шаҳру деҳоти минтақа хисорот расонд.
Чанде пеш иттилоъ расида буд, ки аксарияти қурбониён ба музофоти Озарбойҷони Шарқӣ рост меоянд. Мақомот амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ мегузаронанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 30248

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>