Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28754

Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

Душанбе, 01.03.2016. (АМИТ «Ховар»). —  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабар дар бораи фоҷиаи кони ангишти «Северная»-и Воркутаи Ҷумҳурии Комии Федератсияи Русияро, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок ва ҷароҳат бардоштанд, бо андӯҳи амиқ дарёфтам.

Муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони ангиштканон ва наҷотдиҳандагони ҳалокшуда, инчунин таманниёти зуд шифо ёфтанро  ба осебдидагон расонед».


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28754

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>