Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Лоиҳаи таҳсилоти фарогир кӯдакони маъюбро дастгирӣ мекунад

Душанбе, 01.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар гимназияи №53 ва мактаби миёнаи №54-и шаҳри Душанбе Асосиатсияи кӯдак ва дастгирии Ҷопон бо маблағгузории ҳукумати Ҷопон татбиқи марҳалаи дуюми лоиҳаи рушди таҳсилоти фарогирро, амалӣ намуд. Лоиҳаи рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони солим ва маъюб бо мақсади фароҳам овардани муҳити таълимӣ, ҳамчунон дар якҷоягӣ ба таҳсил фаро гирифтани онҳо равона шудааст.
Бояд гуфт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, ташкилоти ҷамъияти маҳаллии «Рушди Инклюзия», «Сида» ва «Ирода» роҳандозӣ шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles