Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Дар Душанбе 15 апрел ниммарафони навбатӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 04.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрели соли равон бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳаштумин ниммарафони байналмилалии Душанбе  баргузор мегардад. Дар робита,  имрӯз аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба имзо расид. Тибқи қарор, чорабинии мазкур баҳри таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо гузаронида мешавад.

Тавре аз Шуъбаи иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба Сарраёсати молияи пойтахт супориш дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳр барои баргузории чорабинии мазкур 316 ҳазору 620 сомонӣ ҷудо намояд.

Ниммарафон рӯзи шанбе, 15 апрел соати 9:00-и субҳ оғоз мешавад.

Бояд зикр кард, ки ниммарафони Душанбе ба рӯйхати расмии Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ворид шудааст, ки ба он мақоми баланд медиҳад. Тибқи анъана дар ин чорабинӣ  ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, инчунин варзишгарони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Россия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Франсия ва дигар кишварҳои ҷаҳон иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин ниммарафони сатҳи байналмилалии Душанбе ба масофаи 21 км бо иштироки варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкоридошта, инчунин беҳтарин варзишгарон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ моҳи апрели соли 2010 гузаронида шуда буд.

Image may be NSFW.
Clik here to view.
Dushanbe-2-3
Image may be NSFW.
Clik here to view.
Dushanbe-2-0
Image may be NSFW.
Clik here to view.
Душанбе-2-2
Image may be NSFW.
Clik here to view.
Dushanbe-2-1-320x409

Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Trending Articles