Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Шикори ғайриқонунии гӯсфанди кӯҳии «Марко-поло» аз ҷониби сокини ноҳияи Мурғоб ошкор гардид

$
0
0

ДУШАНБЕ, 04.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир шудани сокини ноҳияи Мурғоб бо гумони шикори гӯсфанди кӯҳии «Марко-поло» хабар медиҳад. Тавре аз ин ниҳод иттилоъ доданд, зимни гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Мурғобро барои шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 6 килограмм гӯшти ҳайвони нодир — гӯсфанди кӯҳӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист, гӯшти мусодирашуда ба гӯшти гӯсфанди кӯҳии «Марко-поло» мансуб буда, зарари расонидашуда 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>