ДУШАНБЕ, 03.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қӯшунҳои Миср дар ҷараёни амалиёти ҳавоӣ дар шимоли ниҷазираи Синай яке аз асосгузорони гурӯҳи террористии дар ин нимҷазира фаъоли «Бейт ал-Макдис», ки бо ДИ паймон бастааст, маҳв карданд. Дар ин бора «РИА Новости» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои мавҷуда, номи террористи маҳвкардашуда Абу Анис ал-Ансорӣ буда, ӯ яке аз террористони хавфнок дар Миср маҳсуб меёфт. Амалиёт 18 март сурат гирифта, ҳамроҳ бо ал-Ансорӣ 17 ҷангии дигар кушта шудааст. Шахсияти ҷинояткори маҳвшуда танҳо кунун маълум шудааст.
Дар минтақаҳои камаҳолӣ ва душворраси шимоли нимҷазираи Синай чандин сол аст, ки амалиёти зиддитеррористӣ идома дорад. Вазъ дар ин ҷо соли 2013 пас аз барканории президент Муҳаммад Мурсӣ муташанниҷ гардид. Гурӯҳҳои ифротгарои исломии шимоли нимҷазираи Синай пайваста ба неруҳои амниятӣ ва низомиён ҳамла мекунанд.
↧
Миср дар бораи маҳви яке аз асосгузорони гурӯҳи марбут ба давлати исломӣ дар Синай хабар дод
↧