Душанбе, 27.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-26 феврали соли равон ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини 25-солаи ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Данғара, ҷамоати деҳоти Оқсу аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба бетони сохтмонӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, сокини 29-солаи ноҳияи Восеъ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
↧
Ҳалок гардидани ронанда дар садама
↧