ДУШАНБЕ, 31.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Россия Владимир Путин изҳор дошт, ки омода аст бо ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп дар ҳамоиши Арктика дар Финландия мулоқот намояд. Дар ин бора «Вести.ру» хабар медиҳад.
Дар баробари ин Путин зикр намуд, ки мулоқот бояд аз ҷониби ҳар ду тараф хуб омода гардад. Ба гуфтаи ӯ, Хелсинки барои баргузории ҳамоиши Арктика майдони мувофиқ аст.
«Агар мулоқот дар Финландия баргузор нагардад, пас он метавонад дар доираи мулоқотҳои анъанавӣ бо чунин шакл, назири ҳамоиши «бистгонаи бузург» доир шавад», — афзуд президенти Россия.
Ин изҳоротро Владимир Путин зимни форуми байналмилалии «Арктика — ҳудуди муколама» иброз дошт.
Президенти Финландия Саили Ниинистё дар навбати худ эълон дошт, ки кишвараш аз баргузор намудани ҳамоиши Арктика бо иштироки роҳбарони Россия ва Амрико хуш хоҳад буд.
↧
Путин омода аст бо Трамп дар Финландия мулоқот намояд
↧